Ссылки доступа

Шаҳрдори Москва гуфт, 200 муҳоҷирро барои занозанӣ аз Русия ихроҷ карданд


Шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, давоми моҳҳои ахир 200 муҳоҷири кории муқими пойтахти Русия ихроҷ ва зидди 800 тани дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи шаҳрдор, ихроҷ ва боз шудани парвандаҳо дар пайи "як қатор қонуншиканиҳои ҷиддӣ ва занозаниҳои гуруҳӣ" сурат гирифтааст.

"Пулис давоми моҳҳои ахир "рейд"-ҳои сахтеро гузаронд. Ҳудуди 200 муҳоҷир ихроҷ ва 800 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Ҳамчунин вуруди 17,5 ҳазор кас ба Русия манъ гашт. Ин хел намешавад. Аз омадани чунин меҳмонҳо шод нестем", - навиштааст Собянин.

Яке аз занозаниҳои бухургтарини муҳоҷирони корӣ дар Русия 13 июли соли равон дар назди метрои Кузминкии пойтахти Русия сар зада буд. Ба иттилои пулис, дар он то 200 кас иштирок доштанд.

Чунин ҳолатҳо инчунин дар Маскаву Санкт-Петербург, Амур, Свердловск ва Ҷумҳурии Доғистон сабт шуданд. Баъзе ин ҷанҷолҳо хушунат ва ҳамла ба намояндагони мақомотро низ дар пай доштааст. Ҳамчунин иштирокдорони занозаниҳо роҳҳоро баста, ба иншооти шаҳрӣ зарар расондаанд. Дар Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтанд, аксар муҳоҷирон ҷазо гирифтанд. Онҳо 15 рӯз дар ҳабси маъмурӣ буда, сипас аз Русия депортатсия ё ихроҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG