Ба гуфтаи вакили дифои руҳонӣ Ҳусенбой Солиев, шахси зери ҳимояи вай 7 моҳ пеш аз муҳлат озод шудааст. Додгоҳ қарор кардааст, вай муҳлати боқимондаро дар хонааш сипарӣ кунад.
Рашод Камолов соли 2015 бо айбномаи барангехтани низои байнимазҳабӣ, нигаҳдорӣ ва паҳн кардани адабиёти иртиҷоӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Зидди Камолов ба иттиҳоми даъватҳо барои таъсиси хилофат ва изҳороти ифротгароёнааш дар мавриди ҷанги Сурия парванда боз шуда буд.
Рашод Камолов дар доираҳои мазҳабӣ бо номи Шайх Муҳаммад Рошатхон маъруф аст. Вай 9 феврали соли 2015 барои даъват ба сарнагунии низоми феълии қонунӣ ва барангехтани низои байнимазҳабӣ боздошт шуда буд. Падараш Рафиқ Камолов соли 2007 ҳангоми амалиёти вижаи ҷилавгирӣ аз амали террористӣ кушта шудааст.