Ссылки доступа

Ҷалби иҷбории "буҷавиҳо"-и Туркманистон ба пахтазорҳо


Кадр из репортажа государственного телевидения Туркменистана
Кадр из репортажа государственного телевидения Туркменистана

Ҷамъоварии ҳосили пахта дар Туркманистон имсол низ бо ҷалби иҷбории сокинон ҷараён дорад. Ҳарчанд дар бораи оғози маросими ҷамъоварӣ ҳанӯз расман хабар дода нашудааст.

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар вилояти Лебапи Туркманистон, сарбозон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хонандагони мактабҳои миёнаи Туркманобод иҷборан ба пахтазорҳо сафарбар карда мешаванд.

"Дар хоҷагиҳои деҳқонии Туркманобод барои 1 кило пахта 20 манати туркманӣ медиҳанд", - изҳор дошт як сокини маҳаллӣ ба шарти ифшо нашудани номаш ба хабарнигори радио.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар вилояти Марӣ низ иттилоъ дод, ки ҷамъоварии ҳосили пахта дар ин вилоят низ бо ҷалби иҷбории сокинон, аз ҷумла муассисаҳои "буҷавӣ" ҷараён дорад.

Расонаҳои расмии Туркманистон дар ин бора иттилое нашр намекунанд ва ҳамчунин оғози маросими ҷамъоварии пахта низ дар ин кишвар ҳанӯз расман эълом нашудааст.

XS
SM
MD
LG