Ссылки доступа

Донишҷӯёни афғон намехоҳанд аз Қазоқистон ба ватан баргарданд (видео)


Донишҷӯёни афғоне, ки донишгоҳҳои Қазоқистонро хатм кардаанд, аз баргашт ба ватан ҳарос доранд. Онҳо аз мақомоти қазоқ дархост доранд, ки барояшон шаҳрвандӣ ё ҳаққи будубош дар он кишвар дода шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳлати иҷозати расмии будубоши бархе аз ин донишҷӯён дар Қазоқистон ба поён мерасад.

Афганские студенты в Казахстане боятся возвращаться на родину
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:06 0:00

"Аз тақдири худу хонаводаам нигарон ҳастам. Агар моро аз Қазоқистон ихроҷ кунанд, ба куҷо хоҳем рафт? Мо ба ватан ҳам баргардем, нахуст ба фурудгоҳи шаҳри Кобул бояд равем, ки аз сӯи Толибон пурра тасарруф шудааст. Агар онҳо фаҳманд, ки мо духтарон дар хориҷ таҳсил кардаем, моро мепаронанд", - мегӯяд донишҷӯдухтари афғон.

Тибқи созишномаи байниҳукуматие, ки миёни Қазоқистон ва Афғонистон имзо шудааст, ҳоло дар ин кишвар беш аз сад донишҷӯи афғон таҳсил мекунад. Бархе аз онҳо аллакай аз мақомоти Қазоқистон дархост кардаанд, ки ба онҳо шаҳрвандӣ дода шавад.

Вале дар Хадамоти муҳоҷират ва ниҳодҳои дигари дахлдори Қазоқистон аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG