Ссылки доступа

Раҳбарони Аврупо мехоҳанд дар Кобул "минтақаи амн" ташкил кунанд


Канцлер Германии Ангела Меркель и президент Франции Эммануэль Макрон (архивное фото)
Канцлер Германии Ангела Меркель и президент Франции Эммануэль Макрон (архивное фото)

Фаронса, Бритониё ва Олмон пешниҳод доранд, барои анҷоми амалиётҳои башардӯстона, аз ҷумла берунории онҳое, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, дар фурудгоҳи шаҳри Кобул минтақаи амн ташкил карда шавад.

Дар ин бора президенти Фаронса Эммануэл Макрон хабар дода, гуфтааст, "дар рӯйхат ҳанӯз ҳам чандин ҳазор афғонистоние боқӣ мондааст, ки мехоҳем онҳоро ҳимоят кунем".

Ба гуфтаи Макрон, ташкили ингуна минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон медиҳад, то "фишор" бар ҳаракати Толибонро "ҳифз кунанд".

Қатъномае дар ин замина рӯзи душанбе дар ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ пешниҳод карда хоҳад шуд.

Президенти Фаронса дар суҳбат бо телевизиони TF1 изҳор доштааст, ки гуфтугӯ бо намояндагони Толибон ба хотири берун овардани одамон аз Афғонистон зарур аст, вале ин маънои эътирофи онҳоро нахоҳад дошт.

Толибон аллакай пешниҳоди Фаронса дар мавриди ташкили минтақаи амн дар Кобулро рад кард. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи ҳаракат гуфт, Афғонистон кишвари мустақил аст ва барои ташкили минтақаи амн дар он ниёзе нест. "Мо метавонем ин гуна минтақаро дар Фаронса ё Бритониё ташкил кунем?", - изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо France Inter.

XS
SM
MD
LG