Ссылки доступа

Фаъоли қирғиз дар Москва 5 шабонарӯз бе танаффус ҳамосасароӣ мекунад


Фаъоли маданӣ Доолот Сидиқов тасмим дорад, бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Қирғизистон дар шаҳри Москва 5 рӯзу 5 шаб бидуни танаффус ҳамосаи "Манас"-ро қироат кунад.

Ба гуфтаи ҳамсари Сидиқов -- Ирис Окенова, ин чорабинӣ бо дастгирии ҷамъияти қирғизҳо дар шаҳри Москва ва сафорати Қирғизистон дар Русия баргузор мегардад.

Манассаро Доолот Сидиқов мехоҳад ин бор ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шавад.

Сидиқов моҳи ноябри соли 2020 ҳам бо мақсади ворид шудан ба Китоби рекордҳои Гиннес давоми 14 соату 27 дақиқа ҳамосаи "Манас"-ро қироат карда буд. Вале талоши нахустини ӯ дар Китоби рекордҳои Гиннес расман сабт карда нашуд.

XS
SM
MD
LG