Ин зан, ки 21 июни соли равон бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, гуфтааст, сардори боздоштгоҳ давоми 7 шабонарӯз ба номуси вай дастдарозӣ кардааст.
"Дари утоқашро аз дохил баст ва маро таҳдид кард, ки агар садо баланд кунам, кушиш мекунад, ки ҷазои ман сангинтар шавад. Ӯ гуфт, бо муфаттишон ва муовини додситон робитаи хуб дорад. Давоми чанд рӯз маро таҷовуз кард ва ман низ ҳангоми дар боздоштгоҳ будан метарсидам, ки шикоят кунам", - гуфтааст ҷабрдида дар баёноти худ.
Ин зан баъди интиқол ёфтанаш ба боздоштгоҳи ноҳияи Ховоси Узбекистон аз болои Ж.Ш. шикоят кардааст.
Тавре манобеъ хабар доданд, баъди шикояти зан зидди сардори боздоштгоҳи муваққатаии Зомин бо бандҳои "сӯистифода аз мақом" ва "Риоя накардани талаботи қонунии маъмурияти муассисаи ислоҳӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Вале наздикони зан талаб доранд, ки алайҳи Ж.Ш. бо бандҳои "Таҷовуз" ва "Қонеъкунии иҷбории хоҳиши шаҳвонӣ дар шакли ғайритабиӣ" парванда боз карда шавад.
Дар додситонии Зомин гуфтанд, ки таҷовуз шудани зани гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияро тафтиш доранд.