Ссылки доступа

Шумори қурбониёни таркиш дар пойгоҳи низомии Қазоқистон ба 15 кас расид


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки дар пойгоҳи низомии вилояти Ҷамбули ин кишвар, ки ахиран таркиш ба амал омада буд, ҷасади як тани дигарро пайдо карданд. Вале шахсияти он ҳанӯз маълум нест.

"Ҳаминтариқ шумори қурбониёни таркиш ба 15 нафар расид", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Дар миёни ҳалокшудаҳо кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода, пойгоҳи низомӣ ва додситонии ҳарбии Қазоқистон низ ҳастанд.

Силсила таркишҳову сӯхтор дар пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Қазоқистон 26 август ба амал омада, дар аввал дар бораи кушта шудани панҷ нафар ва захмӣ гаштани 90 тани дигар хабар дода мешуд.

Нурлан Эрмекбаев, вазири дифои Қазоқистон, ки дар бораи ҳодисаи 26-уми август дар як нишасти хабарии рӯзи ҷумъа хабар дод, гуфт, ҳанӯз сабаби сар задани сӯхтор дар анбори низомии воқеъ дар шаҳри Ариси вилояти Ҷамбул маълум нест ва ҳама фарзияҳо, аз ҷумла, як амали махсус тарҳрезишуда будани ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG