Ссылки доступа

Дар Қазоқистон зидди эмшавии иҷборӣ тазоҳурот карданд


Як гуруҳ аз фаъолони маданӣ ва сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон 30 август дар эътироз ба ҳатмӣ будани эмшавӣ зидди коронавирус тазоҳурот карданд. Дар ин бора фаъоли мадании қазоқ Улболсин Турдиева хабар додааст.

Тавре видеоҳои нашршуда нишон медиҳанд, тазоҳургарон дар даст лавҳаҳоеро бо навиштаҳои "Мо зидди эмшавии иҷборӣ" ва "Мо интихоб дорем" доштанд. Ба гуфтаи Турдиева, иштирокдорони тазоҳурот дертар эътирози худро дар шакли роҳпаймоӣ дар яке аз хиёбонҳои марказии Жанаозен идома доданд.

Фаъоли маданӣ Муродбой Жумагалиев аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ба мардум иҷозат диҳанд, то худашон интихоб кунанд, ки зидди коронавирус эм шаванд ё не. "Мо намегӯем, ки умуман эм намешавем. Вале маҷбур накунанд. Бигузор довталабон худашон ихтиёрӣ рафта, ваксина гиранд", - изҳор дошт вай.

Яке аз эътирозгарони дигар низ гуфт, талаботи гузаштани кормандони буҷавӣ аз санҷиши коронавирус аз ҳисоби худ нодуруст аст.

Шаҳрдори Жанаозен Жанабай Аймаганбетов, ки ба назди эътирозгарон рафт, гуфт, тазоҳуроти онҳо ғайриқонунӣ аст ва бояд пароканда шаванд. Вале эътирозгарон гуфтанд, ки 30 август Рӯзи конститутсияи Қазоқистон аст ва онҳо ҳақ доранд, ки гирди ҳам оянд.

Дар Қазоқистон эмкунии оммавии сокинон зидди коронавирус моҳи феврали имсол оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG