Ссылки доступа

Қирғизистон 30-солагии истиқлоли худро ҷашн мегирад


Қирғизистон имрӯз, 31 август аз 30-умин солгарди истиқлоли давлатии худ таҷлил мекунад.

Дар шаҳри Бишкек гашти низомиёну коргарон ва дар вилоятҳои Қирғизистон барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳои аккосон, тарроҳону косибон баргузор карда шуд.

Тартиботи ҷамъиятиро дар Рӯзи истиқлоли Қирғизистон 9000 низомӣ ва корманди пулис таъмин мекунанд.

Дар Қирғизистон соли гузашта баргузории чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба 29-умин солгарди истиқлоли давлатии он кишвар ба иллати пандемияи коронавирус манъ карда шуда буд. Танҳо дар майдони Ала-Тоои шаҳри Бишкек маросиме баргузор шуда, дар он президенти вақт Сооронбой Ҷеенбеков ба мардуми кишвараш паём ироа кард.

Эъломияи истиқлоли Қирғизистонро Шӯрои олии ин кишвар 15 декабри соли 1990, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кард ва 31 август порлумон эъломияро ба тасвиб расонд. Ин рӯз дар Қирғизистон расман истироҳат эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG