Ссылки доступа

Президенти Узбекистон гуфт, "Тошканди нав" месозад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи боғи "Узбекистони нав" дар ноҳияи Қибрай гуфт, тарҳи "Тошканди нав"-ро дар вилояти Тошканди он кишвар иҷро хоҳанд кард.

"Шояд аксари шумо бипурсед, ки чаро ин қадар дур аз Тошканд? Мо дар Тошканд дигар чизе бунёд нахоҳем кард. Мо Тошкандро ба минтақаи сабз табдил хоҳем дод", - иқтибос овардааст Gazeta.uz аз суханони Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев гуфтааст, давоми солҳои ахир дар пойтахти Узбекистон тарҳҳои бузурги сохтмоние анҷом шудааст. Вале ба гуфтаи ӯ, дар оянда тарҳҳои нав дар Тошканд "амалӣ намешаванд".

"Гузоштани ҳар як хиштро бо мардум мувофиқа мекунем. Ин ҳамаро бояд донанд", - изҳор доштааст ӯ.

"Мо оҳиста-оҳиста аз Тошканд ба вилояти Тошканд меравем. Мо ба тадриҷ Тошканди навро хоҳем сохт. Вале он дар ҷойи наве бунёд хоҳад шуд, ки ҳавои тоза дорад. Мо дербоз болои тарҳҳои бузург кор мекунем ва одамони худро омӯзиш медиҳем", - афзудааст Мирзиёев.

XS
SM
MD
LG