Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кормандони "West Oil Software" 9 рӯз мешавад, коршиканӣ мекунанд


Коршикании кормандони ширкати "West Oil Software" дар кони Жетибойи вилояти Мангистауи Қазоқистон 9 рӯз мешавад, ки идома дорад.

Эътирозгарон баланд бардоштани маош, имзои қарордоди корӣ ва фароҳамшавии имкони фаъолият барои иттифоқи касабаи мустақилро талаб доранд.

Корфармо кормандонро дар нақзи қонуни меҳнат айбдор карда, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Коршиканон, ки дар хаймаҳо шабро рӯз мекунанд, мегӯянд, корфармо талаби онҳоро иҷро намекунад. "Мо 9 рӯз мешавад, ки хонаводаи худро надидаем ва ба хона намеравем. Фардо соли хониши нав оғоз мешавад", - мегӯяд корманди "West Oil Software" Дарига Есжанова.

Ронандагони ширкат Моторбой Абдрашев ва Кашкинбой Кошкарбоев мегӯянд, раҳбарияти корхона ба онҳо фишор меорад.

Ба гуфтаи кормандон, Калбой Измуханов, муовини мудири ширкати "Мангистаумунайгаз", ки конро коркард мекунад, ба назди эътирозгарон рафта, гуфтааст, коршикании онҳо ғайриқонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG