Ссылки доступа

Фаъоли маданӣ Куат Ахметов баъди боз шудани парванда алайҳаш Қазоқистонро тарк кард


Муаллифи саҳифаи "Til Maydani онлайн партиясӣ" дар Ютуб Куат Ахметов Қазоқистонро тарк карда, ҳоло дар шаҳри Киев, пойтахти Украина қарор дорад.

"Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ӯ дар Киев мемонад, ё не. Ин аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи маҳаллӣ вобаста аст", - изҳор дошт вакили дифои Ахметов - Абзал Куспан.

Ба гуфтаи Куспан, Ахмедов баъди он Қазоқистонро тарк кард, ки дар робита ба як видео зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Хабаргузории русии РИА Новостӣ 24 август бо истинод ба Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки мақомоти амниятии ин кишвар зидди Ахмедов бо банди "Барангехтани адовати миллӣ" парванда боз карданд. Ин парванда барои он боз шудааст, ки Ахмедов дар як видео аз фурӯшандаҳо талаб мекунад, ба ӯ бо забони қазоқӣ хидмат расонанд.

Ба иттилои хабаргузорӣ, дар ҳоли ҳозир пулиси Алмато навореро, ки дар Ютуб нашр шуда, гӯиё дар он "барангехтани адовати миллӣ" дида мешавад, таҳқиқ мекунад. Ба Ахметов ҷарима дар ҳаҷми то 20,5 миллион танга ё аз 2 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ахмедов ба фурӯшгоҳу корхонаҳои давлатӣ рафта, аз онҳо талаб мекунад, ки ба ӯ бо забони қазоқӣ хидмат расонанд. Вай вокуниши мухотабони худро ба навор мегирад. Дар видео дида мешавад, бархе аз фурӯшандаҳо барои "надонистани забони давлатии Қазоқистон" узр мепурсанд.

Ин видео нигарониҳоеро дар Москва ба бор овард. Аз ҷумла, раҳбари Россотрудничества Евгений Примаков дар Телеграм навишт, ки мақомоти Қазоқистон ба амали миллатгароён алайҳи русҳо вокуниш нишон намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG