Ссылки доступа

Омодагии 7 ҳизби сиёсӣ барои иштирок дар интихоботи порлумонии Қирғизистон


Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон 31 август хабар дод, ки чаҳор ҳизби сиёсии ин кишвар қасди иштирок дар интихоботи порлумониро доранд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии комиссия, ҳизби "Алянс", "Ҳизби сабзи Қирғизистон", "Жаратман Эл" ва "Ҳизби ватандӯстии ваҳдати Қирғизистон" 31 август ин ниҳодро расман огаҳ кардаанд, ки дар интихоботи порлумонии Қирғизистон иштирок мекунанд.

Аз ин пеш, ҳизбҳои "Сотсиал-демократӣ", "Улуттар Биримдиги" ва "Ишеним" аз омодагии худ барои иштирок дар интихоботи порлумонии Қирғизистон хабар дода буданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 29 август фармони баргузории интихоботи порлумонии ин кишвар дар рӯзи 28 ноябри соли равонро имзо кард. Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон гуфт, ҳизбҳои сиёсӣ дар давоми 5 рӯзи баъди имзои фармон бояд ин ниҳодро огаҳ кунанд, ки дар интихобот иштирок хоҳанд кард.

Тибқи тағйироти ахир ба қонунгузории Қирғизистон, порлумони нави он кишвар дорои 90 вакил хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG