Ссылки доступа

Ихроҷи паноҳҷӯёни тоҷик аз Олмон. Маърака ё равиши муқаррарӣ?


Акция протеста сторонников таджикской оппозиции в Берлине

Зиёда аз даҳ паноҳҷӯи тоҷик дар Олмон мегӯянд, ба онҳо хатари ихроҷ аз ин кишвар таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, панҷ нафари онҳо узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломиянд, чанд нафари дигар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар кори созмонҳои мухолиф ширкат дошта, бархе ҳам худро қурбониёни бегуноҳи мақомоти интизомии Тоҷикистон меноманд. Онҳо мегӯянд, ихроҷашон ба Тоҷикистон ба ҷон ва озодияшон таҳдид мекунад. Мақомоти Олмон ва бархе аз ҳуқуқшиносон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, таҳқиқ ва ихроҷи паноҳандаҳои дурӯғин як равиши муқаррарист ва ҳамеша ҷой дошт.

“Пулис ба хонаи бародарам зада даромад ва ӯро бо ҳамсараш боздошт карду бурд. Бародарам ба онҳо гуфт, ки аз Олмон паноҳандагии сиёсӣ пурсидааст ва наметавонад ба Тоҷикистон баргардад. Вале ба ҳарфаш гӯш надоданд ва 11-уми август ӯро ҳамроҳи занаш ба восистаи Истамбул ба Душанбе фиристоданд”,-- шиква кард ба Радиои Озодӣ муҳоҷири тоҷик дар Олмон, ки худро Саодатшоҳ Сафаров муарифӣ намуд.

Ӯ гуфт, аз бародараш шунидааст, ки пулис ба ихроҷи ин хонавода аз Олмон супориш гирифтааст ва дар дасти онҳо феҳристе иборат аз номи 37 шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки гӯё бояд ихроҷ шаванд.

Азим Яқинов, як паноҳандагони тоҷик дар Олмон мегӯяд, чунин рӯйхатро надидааст, аммо ба наздикӣ додгоҳи шаҳри Минден ҳукми ихроҷи ӯро баровард ва Идораи муҳоҷирати шаҳри Ҳокстерро вазифадор кард, ки ба ӯ дастури бозгашт ба ватанро диҳад. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳи Олмон ягон далели паноҳанда будани ӯро напазируфт.

“Рузи душанбеи ҳафтаи оянда ба ман санади “бозгашт ба ватан”-ро медиҳанд ва баъди он маро истирдод мекунанд. Ман даҳҳо санад дар бораи таҳдидҳои мақомоти амниятию интизомии Тоҷикистон ба онҳо пешниҳод кардам. Гуфтам, ки дар нисбати ман барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо моддаи 189, Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” ва 307 қисми 2 “тундгароӣ” беасос парванда боз кардаанд, вале додгоҳ аҳамият надод”,-- гуфт Яқинов.

Ин паноҳҷӯи тоҷик парвандаҳояш дар Тоҷикистонро ба навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт медиҳад ва аммо мегӯяд, ҳарчанд мақомоти тоҷикро танқид кардааст, қонуншиканӣ накарда, танҳо андешаашро баён доштааст ва ҳоло мехоҳанд барои ин ӯро ҷазо диҳанд.

Ӯ гуфт, соли 2015 вақте дар Тоҷикистон эҳсоси хатар кард, ба Русия кӯчид ва баъдан аз тариқи Укроин ба Олмон омада, дархости паноҳандагӣ кард. Дархости ӯ беш аз панҷ сол дар ин кишвари аврупоӣ мавриди омӯзиш қарор дошт.

Дар моҳи феврали соли равон мақомоти интизомии ноҳияи Дарвоз бо насби акси ӯ дар пештоқи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ӯро ҳамчун узви “Гуруҳи 24” таҳти пайгард гирифтанд.

Ёдгор Яқинов, падари Азим, устоди гуштини ҷудои “Мактаби варзишии Дарвоз” ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш бо ҳеч гуруҳе ҳамкорӣ надошт. Ӯ гуфт, писараш ҷавони таҳсилдида аст ва танҳо назарашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависад. Қонун дар Тоҷикистон озодии баёнро кафолат медиҳад, вале он иҷро намешавад.​

Аз соли 2015 ба ин сӯ Олмон, Лаҳистон, Фаронса ва кишварҳои дигари Аврупо садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун паноҳҷӯ пазируфтанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва пайравони равияҳое ба монанди салафия низ ҳастанд.

Аксари ин афрод далели рӯ овардан ба Аврупоро ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохтаи зидди онҳо рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз онҳоро расман ба терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар гунаҳкор мекунанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, узви Раёсати олии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Олмон ба 5 узви ин ҳизб, ки тақозои паноҳандагӣ доранд, хатари истирдод таҳдид мекунад. Мақомти Олмон дар ҳуҷҷати онҳо мушкил пайдо кардааст. Вай изҳори нигаронӣ мекунад, ки истирододи онҳо такрори қазияи Ҳизбулло Шоҳвализода хоҳад буд, ки вақте аз Австрия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, дар он ҷо ба бист соли зиндон маҳкум гашт. “Як масъалае, ки муҳоҷирони тоҷик дар Олмон ва дар Лаҳистон рӯ ба рӯ ҳастанд, дар вақти гузоштани қадами нахуст ба ин кишварҳо ҳангоми бозпурсии мақомоти муҳоҷират ва пулис бинобар надонистани забон натавонистаанд, мушкили худро шарҳ диҳанд. Бо гузашти 4 ё 5 сол, бо тамом шудани муҳлати иҷозатномаи муҳоҷират, вақте дубора пурсиш мешаванд, посухи муносиб дода наметавонанд ва ин сабаби ихроҷи онҳо мешавад”,-- мегуяд Маҳмудҷон Файзраҳмонов.

Ӯ гуфт, барои ҷилавгирӣ аз истирдод ба Тоҷикистон ба порлумони Олмон муроҷиат мекунанд ва вазъи мавҷударо шарҳ хоҳанд дод.

Як тарҷумони додгоҳӣ дар Олмон, ки ба муҳоҷирони тоҷик кӯмак мекунад, ба шарти ошкор нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз душвориҳои иқтисодӣ, бекорӣ ва фасод, ба умеди зиндагии беҳтар мехоҳанд, дар Олмон монанд. Дар байни онҳо исломгароёни радикал ҳам ҳастанд. Онҳо паноҳандагии сиёсиро осонтарин роҳи иҷрои нақшаи худ медонанд. “Аввал як чиз мегӯянд, баъд онро фаромӯш мекунанд ва дар пурсишҳои баъдӣ чизҳои дигар ва онҳоро исбот карда наметавонанд, пас ихроҷ мешаванд,” – мегӯяд ӯ.

Ин тарҷумон гуфт, ки “мақомоти олмонӣ хеле дақиқкоранд. Агар ба касе посухи рад доданд, вале баъдан фаҳмиданд, ки ҳақ аст, қарори додгоҳро нав мекунанд ва иҷозаи паноҳандагӣ медиҳанд.”

Илҳом Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, узви раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ мегӯяд, даҳҳо нафар барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ худро узви ин ҳизб муаррифӣ кардаанд ва барои ин онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохтаанд. “Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Литва пас аз ошкор шудани санади қалбакии ҳизби наҳзат ва шикояту муроҷиатҳои мо дар додгоҳ мурофиа шуд ва ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд,” –-гуфт Ёқубов.

Чанде аз паноҳҷӯёни тоҷик дар Олмон мегӯянд, ки пас аз сафари Юсуф Раҳмон, Додситонии кулли Тоҷикистон ба ин кишвар дар ин ҷо “як маъракаи ихроҷи онҳо” оғоз ёфтааст. Тарҷумони додгоҳ ва фаъолони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ ин гуфтаҳоро рад карданд.

Юсуф Раҳмон охирҳои моҳи июл дар Олмон буд ва ҳамкориҳои дуҷонибаро дар мубориза бо терроризму истирдоди гумонбарон ба ҷиноят баррасӣ кардааст.

Бархе аз паноҳҷӯёни дигари тоҷик мегӯянд, бархӯрди мақомоти олмонӣ ба онҳо замоне дигар шуд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистон бо айбномаи кӯмак ба терроризм боздошт шуданд. Мақомоти Олмон 15-уми апрел эълон карданд, ки ин шаҳрвандон бо гумони тарҳрезӣ ва қасди ҳамлаи террористӣ дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт шудаанд. Ҳоло парвандаи онҳоро додгоҳ мебинад.

Заррина, як паноҳҷӯйи тоҷик, ки яке аз ин ҷавононро мешиносад, ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин воқеа муносибат бо тоҷикон хеле хуб буд. Ӯ дар робита ба ин парванда аз ҷониби пулиси Олмон пурсида шудааст.

“Албатта, мақомоти Олмон боадолатона таҳқиқ мекунанд ва то гуноҳ исбот нашавад, коре надоранд. Лекин баъди боздошти ин ҷавонон, эҳсос мешавад, ки дархостҳои тоҷикон ҷиддитар таҳқиқ мешаванд. Дархостҳои паноҳандагӣ рад мешаванд. Як эҳсос аст, ки то ҷое ва дар баъзе маврид мақомоти Олмон дар бораи изҳороти мақомоти тоҷик дар робита ба терроризм бо чашми дигар нигоҳ мекунанд”,-- гуфт ӯ.

Дар додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки дар як ҳафтаи охир 8 нафар аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

Як мақоми додситонӣ ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Юсуф Раҳмон аз ҷониби мақомоти Олмон даъват шуда буд ва қазияи он панҷ нафар яке аз мавзуъҳои суҳбат ва намунаи хуби ҳамкории ду тараф буд. “Прокурори генералиро пас аз таҳқиқи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара дар ҳамкорӣ бо мақомоти амрикоӣ ба Амрико даъват карда буданд. Дар ин масъала ҳам бо Олмон ҳамкорӣ шуд ва онҳо худашон даъват карданд. Мавзуи сафар ҳам аз пеш маълум буд,”--гуфт ӯ.

Тарҷумони додгоҳ, ки ба шарти ифшо нашудани номаш бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, мегӯяд, хоҳиш ё талаби додситони кулли Тоҷикистон барои олмониҳо маънии зиёд надорад ва аз қонунмандӣ, адолат ва ҳуқуқи инсон болотар нест.

Хадамоти муҳоҷирати Олмон низ таъсири сафари Юсуф Раҳмонро ба раванди пазириш ё ихроҷи паноҳҷӯёни тоҷик рад мекунад. Маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Олмон дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ихроҷи онҳое, ки паноҳандагиашон қабул нашудааст, як кори маъмулӣ аст. Бино бар ин нома, аз моҳи январ то июли соли 2021 ҷамъан 194 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти паноҳандагӣ ба мақомоти Олмон муроҷиат кардаанд. Дар ҳамин муҳлат, дар мавриди дархости паноҳҷӯёни тоҷик 309 қарор содир шуда, 45 дархости паноҳҷӯёни тоҷик қабул ва 127 дархости дигар рад шудаанд. Ҳоло 101 дархости дигар мавриди омӯзишанд.

XS
SM
MD
LG