Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон гуфт, зарурати афзоиши ҳаҷми маоши миёна пеш омадааст


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мегӯяд, зарурати бозбинии ҳаҷми маоши миёна дар он кишвар пеш омадааст.

Ӯ 1 сентябр дар паёмаш ба порлумони Қазоқистон гуфт, "дастур хоҳад дод, ки аз моҳи январи соли оянда ҳаҷми маоши миёна дар он кишвар аз 42500 танга (ҳудуди 100 доллар) то 60 ҳазор танга боло бурда шавад.

"Ҳаҷми маоши миёна аз соли 2018 боло бурда нашудааст. Буҳрони коронавирусии ҷаҳонӣ ба даромади сокинон таъсир расондааст. Қазоқистон аз нигоҳи ҳаҷми маоши миёна аз баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ақибтар аст", - афзуд Тоқаев.

Ба гуфтаи Тоқаев, афзоиши ҳаҷми маоши миёна ба беш аз 1 миллион, асосан кормандон дахл карда, аз ҳисоби рушди талаботи дохилӣ ба иқтисоди Қазоқистон таъсири мусбат мерасонад.

XS
SM
MD
LG