Ссылки доступа

Тошканд манъ шудани омӯзиши забони узбекӣ дар мактабҳои Афғонистонро рад кард


Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабари корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи онро, ки гӯиё истифодаи забони узбекӣ дар мактабҳои Афғонистон аз сӯи ҳаракати Толибон манъ карда шудааст, рад кард.

"Бояд гуфт, дар ҷараёни суҳбати намояндагони Вазорати умури хориҷии Узбекистон бо раҳбарони расмии Толибон қайд карда шуд, ки хабари манъ гаштани истифодаи забони узбекӣ дар мактабҳо асос надорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, намояндагони Толибон ваъда додаанд, ки забони узбекӣ дар баробари забонҳои дарӣ ва паштун ҳамчун яке аз забонҳои расмӣ дар Афғонистон боқӣ мемонад.

Пештар муаррих ва таҳлилгар Анвар Назир дар Фейсбук навишт, ки Толибон омӯзиши забони узбекиро аз барномаҳои дарсӣ дар мактабҳои Афғонистон берун ва садҳо омӯзгори ин забонро аз кор ихроҷ намудаанд.

XS
SM
MD
LG