Ссылки доступа

Дар Қирғизистон барои хабар додан дар бораи фасодкорӣ мукофотпулӣ медиҳанд


Вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон лоиҳаи қарори Девони вазирони ин кишвар дар бораи додани мукофотпулӣ ба онҳоеро ба баррасии ом пешниҳод кард, ки аз ҳолатҳои коррупсионӣ хабар медиҳанд.

Санад дар сомонаи расмии Девони вазирони Қирғизистон нашр шудааст.

Дар санад омадааст, шаҳрвандоне, ки аз ҳолати коррупсионӣ хабар медиҳанд, 10 дарсади маблағи ҷуброншуда ё воридгашта ба буҷаи давлатро дарёфт мекунанд. Вале ҳаҷми мукофотпулӣ аз миллион сом (1200) доллар бештар нахоҳад шуд.

Дарёфти ин мукофотпулӣ шартҳои худро низ дорад. Аз ҷумла, қарори комиссия лозим аст, ки расонидани хабар дар бораи фасодкорӣ, содир шудани ҳалномаи додгоҳӣ ва пардохти ҷуброн ба буҷаро тасдиқ кунад.

Гуфта мешавад, тартиби пардохти мукофотпулӣ бо ҳадафи иҷрои қонуни Қирғизистон "Дар бораи ҳифзи шахсоне, ки дар бораи фасодкорӣ хабар медиҳанд" таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG