Ссылки доступа

"Қумтор Голд Компанӣ" хатари зери об мондани калонтарин кони тилои Қирғизистонро рад кард


"Қумтор Голд Компанӣ" ба изҳороти ширкати канадагии "Centerra Gold Inc." дар бораи он ки гӯиё ба кони марказии маъдан об даромада, эҳтимоли зери об мондани он вуҷуд дорад, вокуниш нишон додааст.

Ширкати канадагӣ, ки то чанде пеш кони "Қумтор"-ро дар ихтиёр дошт, гуфтааст, хулоса ва таҳлили онҳо дар асоси як навори нашршуда дар саҳифаи "Қумтор Голд Компанӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

"Centerra бар ин аст, ки кони марказии "Қумтор" чанде пеш то 40 метр пури об шудааст. Ин бузургтарин ҳаҷми обест, ки дар давоми 25 соли ахир ба он кон ворид мешавад", - омадааст дар изҳороти Centerra. Ширкат ҳамчунин даъват кардааст, ки ба рӯзноманигорон иҷозат диҳанд, то вориди кон шуда, вазъи воқеии онро баҳо диҳанд.

Раҳбарияти "Қумтор Голд Компанӣ" дар посух ба изҳороти ширкати канадагӣ гуфтааст, дар кони марказӣ ҳамеша, аз ҷумла ҳангоми дар ихтиёри "Centerra" будан ҳам ин миқдор об мавҷуд буд.

​Қумтор - калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. Ин конро ширкати канадагии "Сентерра" коркард мекард. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияҳои ширкатро дар ихтиёр дорад. Ҳукумати Қазоқистон иддао дорад, ки ширкати мазкур иҷозатномаи коркарди конро ғайриқонунӣ ба даст овардааст ва ҳоло талош дорад, ки онро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG