Ссылки доступа

Дар Туркманистон қарздорон аз пули алиментро пахтачинӣ мебаранд


Туркменистан (иллюстративное фото)
Туркменистан (иллюстративное фото)

Мақомоти Туркманистон шаҳрвандонеро, ки аз пули алимент барои фарзандҳояшон қарздор ҳастанд, иҷборан ба пахтазорҳои вилояти Лебап мефиристанд.

Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 30 август иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷалби иҷбории қарздорони алимент ба пахтачинӣ ба қарори додгоҳе асоснок карда мешавад.

Ба иттилои хабарнигор, шумори қарздорон аз алимент дар Туркманистон ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад, ки аксарашон бекор ҳастанд.

Ҷалби иҷбории қарздорони алиментро ба пахтазорҳо кормандони пулис назорат мекунанд. Танҳо аз вилояти Фороб чанд сад каси қарздор аз пули алимент ба пахтачинӣ фиристода шудаанд.

Хабарнигори радио бо истинод ба додгоҳи Лебап иттилоъ додааст, ки аксари шикоятҳо дар ин минтақа ба пули алимент дахл доранд ва бинобар ин, мақомот тасмим гирифтаанд, аз ин ҳисоб онҳоро кам кунанд.

XS
SM
MD
LG