Ссылки доступа

Қалби фаъоли мадании қирғизро дар "СИЗО" ҷарроҳӣ карданд


Қалби фаъоли маданӣ Мелис Аспеков, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Қирғизистон сактаи қалбӣ шуда буд, ҷарроҳӣ шудааст.

Дар ин бора мудири беморхонаи хусусии "Бикард" Турдалӣ Заиров 1 сентябр хабар дод. Ӯ гуфт, ҷарроҳӣ чор рӯз пеш анҷом шуд.

"Дар давоми 10 рӯзи баъд аз ҷарроҳӣ бояд вазъаш беҳтар шавад. Ҳозир ӯ аз шуъбаи эҳёгарӣ берун бароварда шудааст ва худаш роҳ меравад. Тасмими минбаъда вобаста ба вазъи саломатии вай гирифта хоҳад шуд", - изҳор доштааст мудири бемористон.

Аспеков, ки дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Бишкек нигаҳдорӣ мешуд, 11 август сактаи қалбӣ шуда буд.

Фаъоли маданӣ Мелис Аспеков ва Улан Ҷураев моҳи январи соли равон аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуданд. Мақомот онҳоро дар таҳдид ба раҳбарияти ширкати "Қирғиз Темир Жолу" ва тамаъкорӣ, аз ҷумла талаби 250 ҳазор доллар айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG