Ссылки доступа

Қазоқистон ба истифодаи ваксинаи "Pfizer" муваққатан иҷозат дод


Мақомоти Қазоқистон иҷозат доданд, ки сокинони ин кишвар бо ваксинаи "Pfizer/BioNTech" эм карда шаванд.

Бино ба хабарҳо, Кумитаи назорати тиббӣ ва дорусозии Вазорати тандурустии Қазоқистон ваксинаи мазкурро муваққатан, барои ҳафт моҳ ба қайд гирифтааст.

Pfizer/BionTech яке аз ваксинаҳое аст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба эм кардани сокинон бо он иҷозат додааст.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин ваксина кай вориди Қазоқистон мешавад. Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, нахустин мояҳои "Pfizer/BioNTech" моҳи октябри соли равон вориди кишвар шуда, бо он нахуст кудакони аз 12-сола боло ва занони ҳомиларо эм мекунанд.

Дар ин кишвар ҳамчунин бо ваксинаи русии "Спутник V" ва "QazVac"-и дохилӣ ҳам сокинонро зидди коронавируси нав эм менамоянд.

Маъракаи эмкунии дастаҷамъии сокинони Қазоқистон моҳи феврали имсол оғоз шуда, то ба имрӯз 5,4 миллион одам ваксина гирифтааст.

XS
SM
MD
LG