Ссылки доступа

Таҳдид ба рӯзноманигорони "Village Kazakhstan" баъди нашри матлаб дар бораи кудаки таҷовузшуда


Масъулони нашрияи "Village Kazakhstan" мегӯянд, баъди нашри як гузориш аз деҳаи Абайи вилояти Туркистони Қазоқистон, ки се сол пеш дар онҷо як писарчаи ноболиғ таҷовуз шуда, вокунишҳои тундеро ба вуҷуд оварда буд, таҳдид шунидаанд.

"Мо маҷбурем хабар диҳем, имрӯзҳо шахсони ношинос аз номи идораҳои гуногун ба идораи мо "ҳамла" карда, талаб доранд, ки матлаб пок карда шавад. Мо талаб мекунем, ки фишор ба расонаҳои мустақил қатъ карда шавад. Мо матлабро пок карданӣ нестем. Ба ин одамон тавсия медиҳем, ки ба ҷои кушиши тарсонидани рӯзноманигорон мушкил дар кишварро ҳал кунанд", - омадааст дар изҳороти "Village Kazakhstan".

​Рӯзноманигор ва муаллифи матлаб Асем Жапишева​ дар Телеграм навиштааст, ки шахсони ношинос бо ӯ низ тамос гирифта, таҳдид кардаанд, ки матлабро пок кунанд. "Матлабро пок кунед, ки афсус хоҳед хурд", - афзудааст рӯзноманигор.

Матлаби баҳсбарангез таҳти унвони "Писарбача аз Абай: Қурбониёни хушунат баъди се сол чи гуна зиндагӣ доранд" 1 сентябр дар сомонаи "Village Kazakhstan" нашр шуд.

Муаллиф баъди боздид аз деҳаи мазкур вазъи хонаводаи писарбачаи мазкур ва шахсонеро шарҳ додааст, ки нахустин шуда ба модарбузурги кудак баъди шикоятҳояш аз бетаваҷҷуҳии мақомот кумак карданд.

Дар бораи эҳтимоли таҷовуз шудани писарбачаи ноболиғ дар Абай миёнаҳои моҳи марти соли 2018 хабар дода шуд. Сокини 60-солаи маҳаллӣ Шарифа Ботирбекова гуфт, аз моҳи августи соли гузашта ба ин сӯ, набераи ӯро борҳо латтукӯб ва таҷовуз карданд. Вале кормандони пулис, танҳо аризаи севуми вайро қабул карданд.

Ин ҳодиса баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қазоқистон ба бор оварда, ба барканории чанд мансабдор сабаб шуд. Аз ҷумла, президенти Қазоқистон моҳи июни соли 2018 ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон Загипа Балиеваро аз мақом барканор кард.

XS
SM
MD
LG