Ссылки доступа

Довталаби курсии президентии Узбекистон Жириновскийро ба "саги аккос" монанд кард


Муовини раиси палатаи поёнии порлумони Узбекистон ва раиси Ҳизби "Миллий тикланиш"-и ин кишвар Алишер Қодиров раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновскийро ба "саги аккос" монанд кард.

"Вақте Уинстон Черчилл мегӯяд, "... агар мо ба тарафи ҳамаи сагҳое, ки аккос мезананд, санг ҳаво диҳем, расиданамон ба мақсад мушкил хоҳад шуд". Шояд манзури Черчилл шахсоне ба монанди Жириновский буд. Ба фикри ман, беҳтар аст, ба тавсияҳои хирадмандонаи Черчилл гуш диҳем ва суханҳои ин одамро нодида бигирем", - навиштааст Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Вале сиёсатмадори узбек дақиқ баён накардааст, ки кадом суханҳои Жириновскийро дар назар дорад.

Алишер Қодиров дар навиштаи худ таҳримҳои ахири мақомоти расмии Русия алайҳи онҳоеро ёдовар шудааст, ки ба сокинони маҳаллии русзабони Осиёи Марказӣ беэҳтиромӣ мекунанд.

"Вале онҳо зидди шаҳвандони худ, ки ба миллатҳои дигар беэҳтиромӣ мекунанд, иқдоме намекунанд. Магар ин дурӯягӣ нест?", - афзудааст Қодиров. Муовини раиси палатаи поёнии порлумони Узбекистон ҳамчунин гуфтааст, Тошканд низ бояд масъалаи эъломи таҳрими онҳоеро ҳам баррасӣ кунад, ки ба узбекистониҳо беэҳтиромӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, номзадии Алишер Қодиров ба мақоми президентии Узбекистон аз сӯи ҳизби таҳти раҳбарияш пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG