Ссылки доступа

Насби дурбинҳои чеҳрашинос дар бузургтарин шаҳрҳои Қирғизистон оғоз шуд


Насби дурбинҳои назоратии чеҳрашинос ва сабткунандаи қоидавайронкуниҳо дар бузургтарин шаҳрҳои Қирғизистон дар доираи иҷрои марҳалаи дувуми тарҳи "Шаҳри ҳушманд" оғоз шудааст.

Ба огаҳии Вазорати рушди рақамии Қирғизистон, корҳо барои насби дастгоҳ дар чорроҳаҳои Бишкек, Ӯш, Токмак, Кант ва Ҷалолобод ба поён расидаанд. Дар ҳар чорроҳа се навъи дурбин, аз ҷумла чеҳрашинос насб карда мешавад. Ҳамаи ин дурбинҳо маълумотро ба пойгоҳи "Шаҳри ҳушманд" хоҳанд фиристод.

Дурбинҳои насбшуда шабонарӯзӣ кор мекунанд.

Қаблан Кумитаи назорати шаҳрвандӣ дар Қирғизистон, ки ба ҳайати он фаъолони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ шомиланд, даъват карда буд, ки ба истифодаи густардаи дурбинҳои назоратии чеҳрашинос дар ин кишвар моратория эълом карда шавад.

Фаъолони қирғиз гуфтанд, назорати густардаи сокинон дахолати хеле хатарнок ба ҳуқуқ ва ҳаёти шаҳрвандон аст.

XS
SM
MD
LG