Ссылки доступа

ИМА барои амният ва дастгирии демократия дар Украина $523 млн кумак мекунад


Джо Байден и Владимир Зеленский в Овальном кабинете, 1 сентября 2021 года
Джо Байден и Владимир Зеленский в Овальном кабинете, 1 сентября 2021 года

Ҳукумати ИМА соли 2021 барои Украина дар доираи барномаи дастгирии демократия, ҳуқуқи инсону ғайримарказикунонӣ $463 млн ва ба бахши амнияти он кишвар ҳудуди $60 миллиони дигар кумак мекунад.

Дар ин бора баъди гуфтугӯи президентҳои Амрико ва Украина -- Ҷо Байден ва Владимир Зеленский хабар дода шудааст.

"Ҳукумати Амрико барои дастгирии талошҳои Украина барои гузаронидани ислоҳот аз соли 2014 ба ин сӯ 2 миллиард доллар кумак кардааст ва ҳоло мехоҳад, дар доираи барномаи дастгирии демократия, ҳуқуқи инсон, ғайримарказикунонӣ, идораи маҳаллӣ, хусусигардонӣ ва ислоҳоти додгоҳӣ беш 463 миллиони дигар кумак кунад", - омадааст дар изҳороти президенти Украина, ки сомонаи ӯ ба нашр расондааст.

ИМА ҳамчунин эълом кардааст, ки барои бахши амнияти Украина 60 миллион доллари дигар ҷудо хоҳад кард.

Ба ҷуз ин, Вашингтон ба Украина барои мубориза бо коронавирус $12,8 млн ва $45 млн ҳамчун кумаки башардӯстона дар робита ба нооромиҳои Донбасс кумак менамояд.

XS
SM
MD
LG