Ссылки доступа

NASA озмоиши таксиҳои ҳавоиро оғоз кард


Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико -- NASA хабар дод, ки санҷиши таксиҳои ҳавоиро оғоз кардааст.

Навъи таксиҳои ҳавоии "Joby"-ро ширкати миллии "Advanced Air Mobility" (ААМ) пешниҳод мекунад. Он ду халабон ва чаҳор мусофирро интиқол дода, дар як соат то 320 тай хоҳад кард. AMM мегӯяд, таксиҳои ҳавоии "Joby" солҳои 2023-2024 серистифода хоҳанд шуд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бояд дар ҷараёни санҷиш ҳал шавад, садо аст Садои навъи нави таксиҳои ҳавоӣ назар ба чархболҳои миёна 100 баробар пасттар аст. Вале дар қонунгузории ИМА талабот дар ин замина сахттар мебошад.

Дар рафти озмоиш ҳамчунин низоми идора ва амнияти дастгоҳ низ санҷида хоҳад шуд. Санҷиш бояд нишон диҳад, ки барои ворид шудани таксиҳои ҳавоӣ ба ҳарими ҳавоии миллии ИМА кадом монеаҳо вуҷуд доранд.

XS
SM
MD
LG