Ссылки доступа

Дар Оқтеппаи Қазоқистон террористи интернетиро меҷӯянд


Пулиси Қазоқистон онҳоеро ҷустуҷӯ дорад, ки рӯзи 1 сентябр бо фиристодани хабари дуруғ монеи садо додани занги аввал дар шаш мактаб шуданд.

Ба гуфтаи мудири маорифи вилояти Оқтеппа Жолдас Батирхон, нафари ношинос тариқи почтаи электронӣ хабар дод, ки бинои шаш мактаб дар вилоят бомгузорӣ шудааст.

"Хабар дуруғ баромад. Террористи интернетӣ ҳоло боздошт нашудааст. Агар фардо низ чунин хабар фиристад, мо дарсҳоро қатъ накарда, фармони ниҳодҳои махсусро иҷро хоҳем кард", - гуфт мудир. Вале вай дақиқ шарҳ надод, ки ниҳодҳои махсус чи дастур додаанд.

Рӯзи 1 сентябр, соатҳои 8:30 ба почтаи электронии мактаби миёнаи рақами 2-и Оқтеппа номае ворид шуд, ки дар он аз бомгузории бинои муассисаи таълимӣ хабар дода шудааст.

Дар номаи мазкур ҳамчунин қайд гашта, ки бинои мактабҳои рақами 1, 21, 22, 51, ва 56-и вилоят ҳам бомгузорӣ шудааст. Раҳбарияти мактабҳо баъди дарёфти хабар зуд талабаҳоро ба берун баровардаанд.

XS
SM
MD
LG