Ссылки доступа

Русия мехоҳад, муҳоҷирони узбекро бо қатора ба сохтмонҳои худ баргардонад


Вазорати сохтмони Русия бо ҷониби Узбекистон масъалаи интиқоли муҳоҷирони корӣ тавассути қатораҳои чартериро баррасӣ мекунад. Дар ин бора муовини вазири сохтмони Русия Никита Стасишин ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

"Мо нақша дорем, ки интихоб ва эмкунии муҳоҷирони корӣ дар Узбекистонро ба роҳ монда, онҳоро бо қатораҳо тариқи Қазоқистон ба сохтмонҳои Русия интиқол диҳем", - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи Стасишин, нақшаи интиқоли муҳоҷирон то охири соли равон коркард хоҳад шуд.

Қаблан Вазорати кишоварзӣ ва Корхонаи роҳи оҳани Русия ҳам масъалаи ташкили ҳаракати "қатораҳои махсус"-ро барои овардани муҳоҷирони корӣ баррасӣ мекарданд.

Сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия моҳи марти соли 2020 ба иллати пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо номумкин гашт. Мақомоти Русия моҳи марти соли 2021 интиқоли муҳоҷирони кориро ба он кишвар ба ширкатҳое иҷозат доданд, ки ба беш аз 250 коргар ниёз доранд. Вале "Ягодний союз" хабар дод, ки на ҳама ширкатҳо имкони истифодаи ин имтиёзро доранд.

Дар ҳоли ҳозир сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия танҳо тавассути ҳавопаймо имконпазир аст. Вале харҷи роҳ ниҳоят гарон буда, пули як чипта то ба Русия ба ҳисоби миёна 80 ҳазор рубли русӣ аст. Дар ҷаласаи Вазорати кишоварзии Русия гуфта шуда, ки пули билети "қатораҳои махсус" набояд аз 12 ҳазор рубл гаронтар бошад.

XS
SM
MD
LG