Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи қирғизҳо анҷом шуда, тубро Азим Азаров дар дақиқаи 25-ум ба ҳадаф расонд.
Дар Қирғизистон аз 2 то 7 сентябр мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми се миллат" баргузор мешавад. Ин мусобиқаи дустона бори нахуст дар Қирғизистон барпо мегардад. Дар он дастаҳои Бангладеш, Фаластин ва Қирғизистон бо ҳам рақобат мекунанд.
Бозии миёни футболбозони Қирғизистон ва Бангладеш 7 сентябр дар назар аст.