Ссылки доступа

Дар Узбекистон фаъолонро ба ҷамъоварии имзо барои Мирзиёев маҷбур мекунанд


Фаъолони Ҳизби либерал-демократии Узбекистон дар вилояти Фарғона шикоят доранд, ки муовини раиси бахши ҳизб дар ноҳия Ҳалимҷон Раҳмонов онҳоро маҷбур мекунад, то ба ҷонибдорӣ аз номзадии Шавкат Мирзиёев имзо ҷамъ кунанд.

"Бахши вилоятии Ҳизби либерал-демократии Узбекистон бояд 30 ҳазор имзо ҷамъ кунад, вале муовини раиси бахш моро дастур додааст, ки 1 ҳазор имзои дигар ҷамъоварӣ намоем, то ӯ худро дар назди раҳбарият дар Тошканд кадри хубтар нишон диҳад", - гуфт яке аз фаъолони ҳизб ба шарти ифшо нашудани номаш.

Бино ба баъзе хабарҳо, дар вилояти Фарғона донишҷӯёнро низ маҷбур доранд, ки дар чорабиниҳои оммавии Ҳизби либерал-демократии Узбекистон дастҷамъона иштирок кунанд.

Ҳизби либерал-демократии Узбекистон ибтидои моҳи августи соли равон номзадии президенти кунунии ин кишвар Шавкат Мирзиёевро дубора ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешниҳод карда буд.

Мирзиёев дар як суханронияш бахшида ба Рӯзи истиқлоли Узбекистон гуфт, "интихоботи президентии имсола дар асоси меъёрҳои демократӣ баргузор хоҳад шуд".

XS
SM
MD
LG