Ссылки доступа

Дар Қазоқистон истеҳсолгарони намак коршиканӣ карданд


Садҳо корманди корхонаи истеҳсоли намаки "Аралтуз" дар вилояти Қизилордаи Қазоқистон бо талаби маоши бештар 1 сентябр корро қатъ карданд.

Кормандони норозӣ, ки дар назди коргоҳи худ ҷамъ шудаанд, мегӯянд, корхона бори ахир маоши онҳоро соли 2018 боло бурда буд. Дар ҳоли ҳозир маоши онҳо 48 ҳазор танга (ҳудуди 110 доллар) аст.

"Талаби мо сулҳомез аст. Бигузор, маоши моро то ба 100 ҳазор танга боло баранд", - гуфт яке аз эътирозгарон бо номи Оқилҷон Килбоев.

Ба гуфтаи кормандон, онҳо моҳи гузашта ба раҳбарияти худ расман нома навишта, боло бурдани маошро дархост карда буданд.

Корхонаи "Аралтуз" бузургтарин корхонаи Қазоқистон дар вилояти Қизилорда ба шумор меравад. Ба иттилои корхона, он солона 450 ҳазор тонна намак истеҳсол мекунад, ки 75 дарсади он ба Русия, Қирғизистон, Узбекистон ва Украина содир мешавад. Дар он 1200 кас кор мекунад.

XS
SM
MD
LG