Ба гуфтаи ӯ, барои ҳалли ин мушкил тасмим гирифта шудааст, ки рӯдхонаи Чуй таъмир карда шавад.
"Ин бидуни шак, тарҳи бузурге аст, ки соли равон оғоз карда мешавад. Агар мо онро иҷро кунем, мушкили беҳуда сарф шудани 30 метри мукааб об ҳал хоҳад шуд ва бо ин об ноҳияҳои дурдасти вилояти Чуйро таъмин мекунем. Шумо тасаввур кунед, ки оби мо ҳар сония 30 тонна кам мешавад. Мо вазифадорем, ин рӯдхонаро бисозем", - гуфтааст Марипов.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон ҳамчунин афзудааст, ки рӯдхонаи бузурги шарқии Чуй ҳам бояд васеъ карда шавад.
"Иҷрои ин лоиҳаҳо харҷҳои бузурги молиро дар пай доранд. Вале агар мо тавонем онҳоро иҷро кунем, мушкили беобии вилояти Чуй ҳал мешавад. "20 ҳазор ҳектар замин бо об таъмин хоҳад шуд", - изҳор доштааст вай.