Ссылки доступа

Президенти Туркманистон раиси осоишгоҳи карантиншудаи "Аваз"-ро аз мақом барканор кард


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раиси ноҳияи Авази шаҳри Туркманбошӣ Бердимаммед Аннамамедовро аз мақом барканор кард.

Раиси ноҳияи мазкур баъди карантин шудани минтақаи сайёҳии миллии "Аваз"-и Туркманистон аз мақом барканор шуд. Мақомоти маҳаллии ноҳия сайёҳони хориҷиро ҷавоб дода, минтақаро карантин кардаанд.

Бердимуҳаммадов Аннамамедовро 30 август дар ҷаласаи ҳукумат ҳам аз вазифаи раиси ноҳия ва ҳам аз мақоми раҳбари истироҳатгоҳи миллии "Аваз" барканор кардааст. Ба ҷои Аннамамедов Давлат Ҷумаев, собиқ раиси ноҳияи Бузмеинский раҳбари истироҳатгоҳ таъйин шудааст.

Хабаргузории давлатии Туркманистон сабаби барканории раиси Авазро шарҳ надодааст. Вале бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, Аннамамедов баъди он барканор шуд, ки 27-28 август бошандагони осоишгоҳи "Аваз"-ро бидуни огоҳӣ берун карданд.

"Онҳоро бидуни сабаб аз осоишгоҳ берун карданд ва дар интиқолашон ба вилоятҳои дигар низ кумак накарданд. Ҳамчунин маблағе, ки муштариён барои меҳмонхона пардохт карда буданд, ҷуброн нашудааст", - иттилоъ додааст хабарнигори радио.

Ба гуфтаи хабарнигор, истироҳаткунандагон баъди ошкор шудани навъи "Делта"-и коронавирус дар 4 сайёҳ аз осоишгоҳи "Аваз" берун шудаанд.

XS
SM
MD
LG