Ссылки доступа

Узбекистон барои табобати СОVID-19 аз Олмон доруи муассир овардааст


Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, шоми 2 сентябр аз Олмон ба ин кишвар 10 000 моя доруи "Казиривимаб/Имдевимаб", ки дар табобати мубталоёни коронавирус ё СОVID-19 муассир аст, ҳамчун кумаки башардӯстона оварда шудааст.

Маблағи умумии ин мояҳо, ки тавассути фурудгоҳи Тошканд ворид карда шуданд, 20,6 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ба огаҳии вазорат, доруи мазкур дар корхонаи дорусозии Швейтсария -- "Roche" омода шуда, дар ҳоли ҳозир яке аз муассиртарин доруҳо дар баробари навъҳои нави коронавирус шумурда мешавад.

"Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки ин дору шумори фавт ва ҳолатҳои бистарӣ шудани мубталоёнро то ба 70 дарсад коҳиш дода, ҳамчунин давомнокии нишонаҳои коронавирусро аз 14 то ба 10 рӯз кам кардааст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати тандурустиии Узбекистон.

XS
SM
MD
LG