Ссылки доступа

Дар Қирғизистон размоишҳои СПАД шуруъ мешаванд


Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар дод, ки аз 7 то 9 сентябр дар минтақаи "Эделвейс"-и вилояти Иссиқкӯл размоишҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) барпо мешаванд.

Дар ин размоиш низомиҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва ситоди муттаҳидаи СПАД ширкат мекунад.

Дар моҳи август Қазоқистону Узбекистон дар алоҳидагӣ размоиш барпо карданд. Дар Тоҷикистон низ дар якҷогӣ бо низомиҳои Узбекистону Русия размоиш баргузор шуд.

Санҷиши омодабоши неруҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сояи ҳодисоти Афғонистон, ки моҳи гузашта гуруҳи "Толибон" он ҷо сари қудрат омад, афзудааст.

Дар СПАД Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узв ҳастанд.

XS
SM
MD
LG