Ссылки доступа

Дар оташсӯзии хобгоҳи нафткашҳо дар Қазоқистон ду кас фавтид


Дар хобгоҳи коргарони чоҳи нафти Боранол дар вилояти Мангистауи Қазоқистон рӯзи душанбеи 6 сентябр оташсӯзӣ рух дод.

Дар натиҷаи он ду кас фавтида, се тани дигар ҷароҳат бардошт.

"Бинои дуошёнаи хобгоҳ оташ гирифт. Ба иттилои пешакӣ, дар натиҷаи оташсӯзӣ ду кас фавтида, се тани дигар маҷруҳ шудааст", - хабар медиҳад ширкати "КазМунайТениз", ки ба истихроҷи нафт дар чоҳи "Боранкол".

Ширкат хабар дод, ки оташ хомуш карда шудааст. "Сабабҳои оташсӯзӣ муайян карда мешавад", - хабар дод ширкат.

XS
SM
MD
LG