Ссылки доступа

Қазоқистон ҳомии ҳуқуқи қурбониёни Шинҷонро ба қаламраваш роҳ надод


Қазоқистон Евгений Бунин - муассиси пойгоҳи иттилоотии қурбониёни урдугоҳҳо ва зиндонҳои Шинҷони Чинро барои панҷ сол мамнуъулвуруд кард. Дар ин бора Бунин дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.

"Баъди як моҳи дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон будан, имрӯз ба Алматои Қазоқистон омадам. Дар гумруки фурудгоҳ ба ман иҷоза гузар надоданд. Баъдтар шарҳ доданд, ки вуруди ман барои 5 сол манъ шудааст", - навишт Бунин.

Дар фурудгоҳ ба вай сабабҳои манъи вурудро шарҳ надодаанд.

Чанд соли охир Евгений Бунин масълаи таъқиби ақалиятҳоро дар Чин ба баррасӣ гирифта, дар ин бора дар расонаҳои байналхалқӣ мақола таҳия мекунад ва таваҷҷуҳи созмонҳои байналхалқиро ба ин мавзуъ ҷалб месозад.

Бунин пойгоҳи иттилоотии қурбониёни урдугоҳҳо ва зиндонҳои Шинҷон - Shahit.biz-ро таъсис додааст. Аз ин пойгоҳ рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ истифода мекунанд.

Соли гузашта Узбекистон низ ба Бунин иҷозаи вуруд ба қаламравашро надода буд.

Ба иттилои СММ, дар Шинҷони Чин миллионҳо одам ба "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" ва ҳазорон каси дигар бо айбҳои беасос зиндонӣ шудаанд. Инҳо ақалиятҳои миллӣ буда, бештарашон мусалмон ҳастанд. Пекин урдугоҳҳоро "марказҳои касбомӯзӣ" унвон ва фаро гирифтани сокинонро дар он ҷо "мубориза бо тундгароӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG