Ссылки доступа

Намояндаи "Толибон" гуфт, СММ ба Афғонистон ваъдаи кумак дод


Мартин Гриффитс, муовини дабири кулли СММ дар масоили башарӣ ваъда дод, ки созмон кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон идома медиҳад.

Дар ин бора Суҳайл Шоҳин, намояндаи ҳаракати "Толибон" хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Гриффитс ин ваъдаро рӯзи 5 сентябр дар поёни мулоқоташ бо роҳбарони "Толибон" дар шаҳри Кобул додааст.

"Толибон" ҳамзамон ба ҳайати СММ ваъда додаанд, ки "ҳамкорӣ мекунанд ва шароити лозимро фароҳам меоранд".

Афғонистон дар пайи қатъи кумакҳои байналхалқӣ ва пирӯзии толибон дар моҳи гузашта, ба буҳрони башарӣ рӯ ба рӯ аст. Ба илова хушксолӣ вазъ дар Афғонистонро буҳронитар кардааст.

XS
SM
MD
LG