Ссылки доступа

Боғҳои Тошканд иҷозаи фаъолияти шабонарӯзиро гирифтанд


Аз ин ба баъд боғҳои шаҳри Тошканди Узбекистон иҷоза доранд, ки шабонарӯзӣ фаъолият кунанд. Дар ин бора девони вазирони он кишвар қарор қабул кард.

Дар қарор ҳамзамон ба шӯрои шаҳрии вакилони халқии шаҳри Тошканд тавсия дода шудааст, ки амнияти иҷтимоиро дар боғҳои Тошканд талаб кунанд.

Қарори мазкур инчунин бунёди боғҳои ҷамъиятиро дар на камтар аз 60 га замини шаҳри Тошканд, боғҳои хурд дар ҳар кадом ноҳияи шаҳрро дар назар дорад.

Бино ба ин ҳуҷҷат, дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар Тошканд 1 миллион ниҳол шинонда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG