Ссылки доступа

Манасхонии 111-соатаи Доолот Сидиқов дар Москва


Долот Сидиқов қироати ҳамосаи "Манас"-ро дар Москва ба поён расонд. Вай 5 рӯзу 5 шаб беист манасхонӣ кард.

Дар ин бора коргардон Ирис Окенова, ҳамсари Сидиқов дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.

Манасхонии Сидиқов дар маҷмуъ 111 соат давом кард.

Ин чорабинӣ бо кӯмаки диаспораи қирғизистониҳо дар Москва баргузор шуд.

Сидиқов талош дорад, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шавад.

Вай моҳи ноябри соли 2020 бо ҳадафи шомил шудан ба Китоби рекордҳои Гиннес 14 соату 27 дақиқа беист манасхонӣ карда буд. Аммон он замон талошҳои Сидиқов ба эътибор гирифта нашуд.

Доолот Сидиқов 25 августи соли 1983 дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон таваллуд шудааст.

XS
SM
MD
LG