Ссылки доступа

Даҳҳо тан пушти дари консулгарии Қазоқистон дар Кобул гирди ҳам омаданд


Дар шаҳри Кобули Афғонистон як гуруҳи одамон, ки худро қазоқтаборони Афғонистон номиданд, гуфтанд, наметавонанд ба ҳузури консули Қазоқистон дароянд.

Амруддин, яке аз онҳо гуфт, бархеҳо 20 рӯз аст, ки мунтазиранд. Ба гуфтаи вай, рӯзи 6 сентябр шумори ҷамъшудаҳо ба 100 кас расидааст.

"20 рӯз пеш мо аз Мазори Шариф ба Кобул омадем. Моро касе намепазирад", - гуфт Амруддин.

Ин афрод мехоҳанд, ба Қазоқистон парвоз кунанд.

Ойбек Смадиёров, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, дархости қазоқтаборон барои кӯчидан ба Қазоқистон баррасӣ хоҳад шуд, аммо ин кор вақт мегирад.

XS
SM
MD
LG