Наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, ки мардум дар шаҳрҳои Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот ва дигар вилоятҳо ба кӯчаҳо баромадаанд ва шиорҳое чун "Зинда бод Ҷабҳаи муқовимат", "Марг ба Покистон" ва "Аллоҳу акбар", сар медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, дар дараи Панҷшер даргириҳо миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон идома доранд
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи Толибон рӯзи душанбе пас аз даргириҳои сахт бо Толибон, бо нашри паёме аз мардуми Афғонистон хост, ки алайҳи Толибон қиём кунанд. Вай изҳор дошт, "ҳамлаи дирузи Толибон ба таври ошкор нишон дод, ки нерӯҳои бегона дар канори Толибон дар муқобили миллати Афғонистон аз дер боз қарор доштанд ва ҳануз ҳузур доранд".
Ишораи Аҳмад Масъуд ба чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишине аст, ки шаби якшанбе мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар Панҷшер бамборон карданд. Расонаҳои хабарӣ ва низ масъулини Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, ки артиш ва истихбороти Покистон даст ба ин кор задааст. Мақомҳои Толибон ва Покистон ба ин хабар то кунун вокуниш нишон надодаанд.
Панҷшер танҳо вилоятест, ки ҳануз алайҳи Толибон муқовимат мекунад. Тайи як ҳафтаи гузашта дар ин вилоят даргириҳои сахт идома доранд. Толибон дируз иддао карданд, ки маркази вилояти Панҷшерро ишғол карданд. Аммо шаби гузашта Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон кард, ки амалиёти нерӯҳои муқовимат барои бозпасгирии Панҷшер оғоз шудааст.