Ссылки доступа

Вакилони Қирғизистон пардохти 1 миллион сомиро барои омӯзгорони ботаҷриба пешниҳод доранд


Абдуваҳҳоб Нурбоев ва Жанарбек Акаев - ду вакили порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун "Дар бораи мақоми омӯзгор"-ро таҳия карданд.

Лоиҳаи мазкур барои баррасии умум дар сомонаи порлумони он кишвар нашр шудааст.

Дар лоиҳа омадааст, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ё байналхалқӣ соҳиби мақом мешаванд, пардохти якдафъаина дар ҳаҷми се маош дарёфт хоҳанд кард.

Ҳамчунин, бино ба ин лоиҳа, ба омӯзгороне, ки на камтар аз 10 сол дар мактабҳои миёнаи ҳамагонӣ кор кардаанд, дар ҳаҷми 1 миллион сом ва ё муодили 12 ҳазор доллар подош пардохт карда хоҳад шуд.

Вакилон мегӯянд, ба далели камии маоши омӯзгорон дар Қирғизистон, ки моҳонаи миёнаи онҳо 13 ҳазору 843 сомро ташкил медиҳад, бисёрии муаллимон тарки мактаб мекунанд. Вакилони порлумон бовар доранд, ки бо қабули лоиҳаи қонуни нав фаъолияти омӯзгорон беҳбуд меёбад.

Расонаҳои Қирғизистон пештар хабар доданд, ки дар мактабҳои он кишвар 2 ҳазор омӯзгор намерасад.

XS
SM
MD
LG