Дар ин бора Михаил Демин, намояндаи ширкати "Аэрофлот" хабар дод. Вай гуфт, дар ширкат бештар аз ду ҳазор халабон кор мекунад.
Рӯзи 6 сентябр Иттиҳоди коргарони Шереметево хабар дод, ки "Аэрофлот" ба барканории халабонҳои воксиннагирифта шуруъ кардааст. Ба иттилои Иттиҳоди коргарӣ, "касе корфарморо вазифадор накардааст, ки чунин тасмим бигирад". Халабонҳо 16 август аз кор барканор шуда, аммо фармони онҳо танҳо 30 август содир гардидааст.