Ссылки доступа

Дар Узбекистон ҳеч ҳолати марг дар пайи воксинзанӣ сабт нашудааст


Дар Узбекистон ҳеч ҳолати марг ва ё таъсири манфӣ дар натиҷаи воксинзанӣ зидди COVID-19 сабт нашудааст.

Дар ин бора Севара Убайдуллоева, узви ситоди мубориза бо коронавирус дар Узбекистон хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 27 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, як зани ҷавон аз вилояти Хоразми он кишвар дар натиҷаи вокинзанӣ беҳуш шудааст.

Ба иттилои Убайдуллоева, гуруҳи кории вазорати тандурустии Узбекистон ба хулоса расид, ки он зан дар натиҷаи воксинзанӣ нафавтидааст.

XS
SM
MD
LG