Ссылки доступа

"Толибон" ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард. Ҷабҳаи муқовимат "ғайриқонунӣ" номид


Хайбатулла Ахундзада
Хайбатулла Ахундзада

Гуруҳи "Толибон" баъди беш аз се ҳафтаи ишғоли Кобул ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард.

Аксарият намояндагони гуруҳи тундрав буда, ба камияш ду нафари онҳо дар рӯйхати террористон ҳастанд. Ба ҳайати ҳукумати нав занон шомил намешаванд. Пештар кишварҳои ҷаҳон хоҳони ташкили ҳукумати ҳамашул буданд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон "ғайриқонунӣ ва намунаи боризи душмании ин гуруҳ бо мардуми Афғонистон донист". Чанде аз сиёсатамадорони афғон низ дар эъломияҳои ҷудогона рафтори "Толибон"-ро танқид карданд.

Гуруҳи "Толибон" рӯзи 7уми сентябр Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро раҳбари олӣ ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охундро раиси ҳукумати нави Афғонистон эълон кард. Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода 55-сола (раҳбари ҳозираи "Толибон") ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд 60-сола (вазири собиқи корҳои хориҷӣ дар ҳокимияти қаблии "Толибон") аст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи гуруҳи "Толибон", 7-уми сентябр дар нишасти хабарӣ гуфт, Абдулғанӣ Бародар (соли 2018 бо дархости Амрико аз боздоштгоҳи Покистон озод шуд) – муовини аввал ва Абдусалом Ҳанафӣ – муовини дувуми раиси ҳукумат, Муҳаммад Яъқуб (писари Мулло Умар, раҳбари пешини “Толибон”) – вазири дифоъ, Сироҷиддин Ҳаққонӣ (писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, раиси "Шабакаи Ҳаққонӣ", созмони террористӣ дар Амрико) – вазири дохилӣ ва Амирхон Муттақӣ – вазири корҳои хориҷӣ таъин шудаанд. Муҷоҳид афзуд, раҳбарон феълан "иҷрокунанда" ҳастанд ва "мумкин аст, дар оянда тағйирот шавад".

Сухангӯйи дигари "Толибон" Аҳмадуллоҳ Масиқ ба Би-би-сӣ гуфтааст, номи кишвар "Аморати исломии Афғонистон" ва Охундзода "амири муъминон” аст.

Дар гузашта созмону кишварҳо аз гуруҳи “Толибон” хоста буданд, ки як ҳукумати фарогир ташкил кунад. Тоҷикистон низ хоҳони ҷойгоҳи шоиста ба тоҷикони он сӯи Ому шуда буд.

Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва кишварҳои таъсиргузор хостааст, ки аз ҳамкории сиёсӣ ва дипломатӣ бо ҳукумати нав худдорӣ кунанд. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа, рӯзи 7-уми сентябр бо нашри эъломия гуфт, ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолорро дар Афғонистон эълон хоҳанд кард.

Эълони ҳукумати нав дар Афғонистон пас аз ҳашт рӯзи аз ин кишвар рафтани нерӯҳои Амрико ва як рӯз баъд аз иддаои ишғоли Панҷшер садо дод, ҳарчанд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ онро напазируфтааст.

Ҳанӯз ҳеч кишваре ҳукумати “Толибон”-ро дар Афғонистон ба расмият нашинохааст. Ҳама мунтазиранд, ки ҳайати ҳукумат аз кӣ таркиб меёбад ва рафтори гуруҳ нисбат ба занону озодии баён чӣ гуна хоҳад буд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, гуфтааст, барои ба расмият шинохтани “Толибон” шитоб надоранд. Вай рӯзи душанбе дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, “ҳанӯз фосилаи зиёде барои ба расмият шинохтани “Толибон” вуҷуд дорад.”

XS
SM
MD
LG