Ссылки доступа

"Толибон" дар марзи Афғонистон бо Узбекистон дастгоҳҳои ташхисдиҳандаи иттилои биометрӣ насб кард


Сокинони Узбекистон мегӯянд, гуруҳи "Толибон" дар марзи Афғонистон бо Узбекистон дастгоҳҳои вижаи ташхисдиҳандаи иттилои биометрӣ насб кардаанд.

Айни замон мусофирон умдатан аз як тараф - аз Афғонистон ба Узбекистон убур мекунанд. Аз Узбекистон ба Афғонистон асосан тоҷирон мегузаранд.

Ин дар ҳолест, ки байни Узбекистону ҳукумати "Толибон" равобити мутақобил дар ҳоли шакл гирифтан аст. Ҳафтаи гузашта хабар расида буд, ки аз Узбекистон ба Афғонистон наздики 300 вагон интиқол ёфтааст. То ин замон ҳеч кадом аз ҷонибҳо хабар надод, ки дохили онҳо чи коло мавҷуд буд.

"То рӯзи 5 сентябр мусофиронро аз Афғонистон ба Узбекистон бо виза иҷозаи убур медоданд. Аммо аз шаби 5 ба 6 сентябр дар гузаргоҳ дастгоҳҳои ташхисдиҳандаи биометрӣ насб кардаанд. Акнун марзбонон ташхис медиҳанд, ки кӣ ҷиноят содир кардааст, кӣ ҳаққи ба хориҷ рафтанро надорад ва ё киҳо бо хориҷҳо ҳамкорӣ доштанд. Рӯйхат доранд", - гуфт як сокини Узбекистон.

XS
SM
MD
LG