Ссылки доступа

Пешниҳоди унвони "пешвои миллат" ба Шавкат Мирзиёев


Ду вакили порлумони Узбекистон пешниҳод кардаанд, ки ба президенти он кишвар, Шавкат Мирзиёев, унвони "пешвои миллат" дода шавад.

Чунин унвонро раҳбарони собиқ ва ҳозираи аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ доранд. Ҷонибдорони "пешво"-ҳо аз чунин “қадрдонӣ” ситоиш, аммо мухолифон ҳамчун бахше аз шахспарастӣ танқид мекунанд.

Пешниҳоди додани унвони “пешвои миллат” ба Мирзиёев бори аввал аз забони узви Сенати Узбекистон, Қудратилло Рафиқов, садо дод. Вай рӯзи 19-уми августи имсол дар мақолае аз хидматҳои раиси ҷумҳурии Узбекистон ситоиш карда, гуфт, "дар табиат ва хислати Шавкат Мирзиёев чизи ғайриоддие нуҳуфтааст. Мардум низ дар ҳайратанд, ки оё ӯ боре хоб меравад ва ё истироҳат мекунад ё не."

Рафиқов илова кардааст, ки Мирзиёев дар байни раҳбарони минтақа низ аз эҳтироми хос бархурдор аст ва аз ин рӯ месазад, ӯро “сардори миллат” ё “пешвои миллат” биноманд.

Баъд аз ин, вакили дигари порлумони Узбекистон, Акмал Саидов, мақолаеро ба нашр расонда, дар баробари номи Шавкат Мирзиёев аз ибораи "сарвари миллат" истифода намуд. Ӯ ҳангоми тавсиф аз хидматҳои Мирзиёев дар рушди Узбекистон, ӯро "юртбошӣ" ё "сарвари кишвар" низ номид.

Ин унвони ғайрирасмиро аллакай баъзе аз расонаҳо ва ҷомеаи Узбекистон ҳамчун нишони эҳтиром ва кӯшиши хушомадгӯйӣ нисбат ба Мирзиёев истифода мебаранд. То кунун Мирзиёев ба ин гуна пешниҳодҳо вокуниш накардааст, аммо дар гузашта гуфта буд, ки чунин хушомадгӯйиро дӯст намедорад.

Вай соли 2016, пас аз марги раиси ҷумҳурии нахустини Узбекистон Ислом Каримов ва тағйири шубҳаноки қудрат ба сари ҳукумат омад.

Пешниҳоди додани унвони “пешвои миллат” ба раиси ҷумҳурии Узбекистон дар замоне садо медиҳад, ки ӯ бори дувум барои ба даст овардани курсии президентӣ дар интихоботи 24-уми октябри имсол иштирок мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин интихобот низ ба мисли маъракаҳои гузаштаи сиёсӣ на рақобати воқеӣ хоҳад буд ва на нозирони ғарбӣ. Бисёриҳо ин ҷараёнро ба таври расмӣ дароз кардани муҳлати президентии Шавкат Мирзиёев медонанд.

XS
SM
MD
LG