Ссылки доступа

"Қотил"-и модар дар Тошканд 10 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканди Узбекистон як мардро бо айби қатли модараш зиндонӣ кард.

Аз додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, ин мард бо моддаи "Куштори барқасдона" маҳкум шудааст. Додгоҳ бо назардошти эътирофи гуноҳ ва оиладор будани мард, ӯро 10 сол зиндонӣ кард.

Ин ҳодиса дар моҳи марти соли ҷорӣ рух дода буд. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, мард соати тақрибан дуи шаб модарашро бо марди дигар дида, ба гардани вай бо корд задааст.

Мард ҷасади модарашро пинҳон карда, ба пулис аз бедарак шудани вай хабар дод.

Занро ним сол ҷустуҷӯ карданд. Дар ниҳоят ҷасади ӯро дар таҳхонаи манзилаш пайдо карданд, ки писар ҷасадро онҷо гӯр карда буд.

XS
SM
MD
LG